Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аммо ба шумо, ки ҳоло сухани Маро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки шуморо бад мебинанд, некӣ кунед, барои онҳое, ки шуморо лаънат мехонанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки шуморо дашном медиҳанд, дуои хайр гӯед. Агар касе ба як тарафи рӯятон торсакӣ занад, тарафи дигари рӯятонро бар ӯ бигардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад. Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, ба ӯ бидиҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед. Пас, чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед. Агар танҳо онҳоеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ фоида ба даст меоред? Зеро гунаҳкорон ҳам дӯстдорандагони худро дӯст медоранд. Агар фақат ба касоне, ки ба шумо некӣ мекунанд, некӣ кунед, шумо чӣ ифтихоре доред? Зеро гунаҳкорон низ чунин мекунанд. Агар ба касе қарз диҳеду умеди пас гирифтани онро дошта бошед, чӣ фоида дорад? Зеро гунаҳкорон низ ба гунаҳкорон қарз дода, интизори пас гирифтани он ҳастанд. Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори пас гардонда гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони хасис ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад. Пас, ҳамон тавре ки Падари шумо раҳмдил аст, шумо низ раҳмдил бошед. Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, яке аз посбонони дар паҳлӯяш истода Исоро торсакӣ зада, гуфт: «Ту чӣ тавр ба сарвари рӯҳониён гап гардонда метавонӣ?» «Агар чизе нодуруст гуфта бошам, бигӯ, ки хатои Ман дар чист,- ҷавоб дод Исо. - Вале агар дуруст гуфта бошам, чаро Маро мезанӣ?»
Выбор основного перевода