Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
гуфт: «Хоҷаам, хизматгорам аз ҳаракат монда, дар хона рӯи ҷойгаҳ хобидааст. Ӯ дар оташи дард сӯхта истодааст». Он бегоҳ одамон бисёр девонагонро назди Исо оварданд ва Исо амр дода, рӯҳҳои нопокро аз онҳо берун ронд ва ҳамаи беморонро низ шифо бахшид. Ҳангоме ки Исо ба тарафи дигари кӯл, ба вилояти Ҷадариён расид, ду девонае аз қабристон берун баромада бо Исо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо чунон бадхашм буданд, ки касе ҷуръати аз он роҳ гузаштанро надошт. Хукбонон бошанд, аз он ҷо ба деҳа гурехта, ин воқеаро, аз он ҷумла ҳодисаи бо ду девона рӯй додаро ба ҳама нақл карданд. чанд нафаре ба наздаш шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Исо то чӣ андоза эътиқод доштани онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шудаанд». Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад, - сипас ба шал нигариста гуфт,- Бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!» Ҳамон бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб мардум ҳамаи беморону девонагонро ба назди Исо оварданд. Онҳо зуд ба тамоми гирду атроф рафта, беморонро, ҳатто бо ҷойгаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешуниданд Исо буд, меоварданд. Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. Шоҳидони ин воқеа ба одамон чӣ гуна шифо ёфтани девонаро нақл карданд.
Выбор основного перевода