Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аз одамон натарсед, ки онҳо ҷисмро мекушанду ҷонро кушта наметавонанд. Балки аз шахсе тарсед, ки ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар дӯзах нобуд карда метавонад. Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем. Пас насиби мо чист?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки давраи нав сар мешаваду Фарзанди Инсон бар тахти пуршукӯҳи худ менишинад, дувоздаҳ нафари шумо низ, ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ хоҳед кард. Инчунин, ҳар касе ки барои Ман шуда аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳамаи инро сад маротиба зиёдтар пайдо мекунад ва дар оянда зиндагии абадӣ низ насибаш мегардад. Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд». Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри хонаҳои худ баромада, Шуморо пайравӣ кардем».
Выбор основного перевода