Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Рӯзи дигар Яҳё бо ду нафар шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод ва Исои аз роҳ гузашта истодаро дида, гуфт: «Ана Ӯ Барраи Худо аст!» Он ду шогирд суханонашро шунида, аз паси Исо равона шуданд. Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки онҳо аз паси Ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Шумо чиро мекобед?» Онҳо дар ҷавоб пурсиданд: «Раббӣ! (ин калима маънои «устод»-ро дорад) Шумо дар куҷо зиндагӣ мекунед?» Ӯ гуфт: «Рафтем, мебинед».Вақте ки онҳо ҳамроҳаш рафта, ҷои истиқомати Ӯро диданд, соат қариби чори бегоҳ буд ва онҳо ҳамон рӯз бо Ӯ монданд. Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд. Ӯ аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта ба ӯ гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем» (Маънои калимаи «Масеҳ» Таъиншудаи Худо аст). Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ - маънои ҳардуяш ҳам „санг” аст).
Выбор основного перевода