Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо бошад, ба ҳамаи шаҳру деҳот рафта, дар ибодатхонаҳо халқро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ҳар дарду касалии одамонро шифо мебахшид. Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар дарду касалии одамонро шифо диҳанд. Сипас онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи истироҳат, ба ибодатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд. «Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!» Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил сафар карда, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва девҳоро аз одамон берун мекард. Ӯ дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва ҳама Исоро ситоиш мекарданд. Ва Ӯ дар ибодатхонаҳои тамоми сарзамини Яҳудия хушхабарро эълон мекард.
Выбор основного перевода