Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фирқаи фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд. Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла ва дегу табақҳои биринҷӣ. Фарисиён ва шариатдонон аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои бетаҳорат хӯрок мехӯранд?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте оиди шумо, дурӯяҳо пешгӯӣ карда гуфта буд:„Худо мегӯяд:‹Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд,вале дилашон аз Ман дур аст. Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд,чунки қонуну қоидаҳои инсониро «қонуни Худо» гуфта таълим медиҳанд!›”. Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед. Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ шуда моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед. Вале Исо гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки бори бениҳоят вазнинро ба гардани мардум бор мекунеду дастатонро ҳам намеҷунбонед, ки ба онҳо ёрӣ диҳед.
Выбор основного перевода