Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Он гоҳ шогирдон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шариатдонон мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?» «Дуруст,- ҷавоб дод Ӯ,- аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд. Ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омадааст ва одамон вайро нашинохтанду ҳар коре, ки хостанд, бо вай карданд. Бо Фарзанди Инсон низ ҳамон тавр рафтор хоҳанд кард». Он вақт шогирдон фаҳмиданд, ки Исо Илёс гуфта Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар назар дошт. Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Чаро шариатдонон мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?» Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал Илёс омада, ҳама чизро барқарор мекунад. Вале Фарзанди Инсон, чунон ки дар борааш навишта шудааст, азоб кашида, хору зор мегардад. Аммо дар бораи Илёс мегӯям, ки ӯ омада буд ва айнан ҳамон тавре, ки дар бораи ӯ навишта шуда буд, дар ҳаққи ӯ ҳар чӣ ки хостанд, карданд». Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати накӯкорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад». Онҳо боз пурсиданд: «Пас, шумо кистед? Оё Илёс пайғамбаред?» «Не»,- ҷавоб дод ӯ. «Ё ҳамон пайғамбаред, ки мунтазираш ҳастем?» «Не»,- гуфт ӯ.
Выбор основного перевода