Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда Ҳиродус Ҳиродия, зани бародараш Филиппусро ба занӣ гирифта буд. Гаштаю баргашта Яҳё ба ӯ мегуфт: «Аз рӯи шариати мо ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Бинобар ин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир кунанду дасту пояшро баста, ба ҳабс андозанд. Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Ҳиродус ба занӣ Ҳиродияро, ки зани бародараш Филиппус буд, гирифт. Барои ҳамин Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Хонадоршавии шумо бо Ҳиродия, ки зани бародаратон аст, раво нест». Аз ин рӯ, Ҳиродус як даста одамонро барои дастгир кардани Яҳё фиристод. Онҳо ӯро дастгир карда, баста ба ҳабс андохтанд. Вақте ки ҳоким Ҳиродус ҳамаи инро шунид, ба як ҳолати ногувор афтод, зеро баъзеҳо мегуфтанд, ки ин Яҳё аз мурдагон зинда шудааст, дигарон бошанд, мегуфтанд, ки Илёс пайғамбар зоҳир гардидааст ва баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони давраҳои қадим зинда шудааст. Вале Ҳиродус гуфт: «Охир ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо кардам. Пас, ин кист, ки дар борааш чунин суханҳоро мешунавам?» Вай хост Исоро бубинад. Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.
Выбор основного перевода