Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Баъзе аз фарисиён инро дида, ба шогирдони Исо гуфтанд: «Чаро устоди шумо бо андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрок мехӯрад?» Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза мегирему шогирдони Шумо не?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Албатта не. Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. Бисёр андозгирон ва дигар касоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, барои шунидани суханони Исо ба наздаш меомаданд. Вале фарисиён ва шариатдонон норозигии худро баён карда, мегуфтанд: «Ин мард гунаҳкоронро қабул мекунад ва ҳамроҳашон хӯрок мехӯрад». Инро дида, ҳама норозигии худро баён намуда мегуфтанд: «Ӯ дар хонаи марди гунаҳкор меҳмон шудааст».
Выбор основного перевода