Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Фарисиён бошанд, баромада рафтанд ва нақшаи куштани Исоро кашиданд. Он гоҳ фарисиён як тараф ҷамъ шуда, нақша кашиданд, ки чӣ тавр Исоро бо сухан ба дом афтонанд. Пас, онҳо чанд нафар аз шогирдонашон ва аъзоёни ҳизби ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд. Фиристодашудагон гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва ба мавқею дараҷаи одамон эътибор надода, бе хушомадгӯӣ роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. Шоҳ Ҳиродус аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шӯҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда зинда шудааст ва барои ҳамин ҳам чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дар ҳаёташ амал мекунад. Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши шоҳ Ҳиродусу фарисиён эҳтиёт кунед». Дертар чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиён ба назди Исо фиристода шуданд, то ки Ӯро бо сухан ба дом афтонанд. Онҳо бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале Ӯ худро аз дасти онҳо раҳо кард.
Выбор основного перевода