Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Шимъӯни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худои зинда ҳастӣ». Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Чӣ хел хушбахт ҳастӣ, Шимъӯн, писари Юҳанно! Чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст. Бинобар ин ба ту мегӯям, ки ту Петрус - санг ҳастӣ ва дар болои ин санг Ман ҷамоати имондорони худро пойдор менамоям ва онро ҳатто қувваҳои марг мағлуб карда наметавонанд. Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ - маънои ҳардуяш ҳам „санг” аст).
Выбор основного перевода