Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. Онҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. Худи ҳамон лаҳза хунравиаш бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст. Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!» Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад.
Выбор основного перевода