Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Баъд аз рафтани фиристодагони Яҳё Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? Агар не, пас барои дидани чӣ рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир онҳое, ки либоси зебо мепӯшанд ва ҳаёти пур аз айшу ишрат доранд, дар қасрҳои подшоҳӣ зиндагӣ мекунанд. Пас, киро диданӣ будед? Пайғамбарро? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед. Яҳё ҳамон як одамест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд:„Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам,то ба омаданат роҳ тайёр кунад”. Ҳоло ба шумо мегӯям, ки дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳё касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст». Тамоми мардум ва андозгирон низ суханони ӯро шунида, дуруст будани роҳи Худоро тасдиқ менамуданд ва аз ин сабаб аз дасти Яҳё таъмид гирифта буданд. Вале азбаски фарисиён ва қонуншиносон таъмиди Яҳёро нагирифта буданд, аз нияте, ки Худо нисбаташон дошт, рӯй гардонданд. Исо суханашро давом дода гуфт: «Одамони ин наслро бо кӣ муқоиса кунам? Онҳо ба кӣ монандӣ доранд? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча нишаста, якдигарро ҷеғ мезананд ва мегӯянд:„Мо бароятон карнай навохтем, аммо шумо рақс накардед!Суруди мотам хондем, вале гиря накардед”. Ҳоло Яҳёи Таъмиддиҳанда омадааст, ки нон намехӯраду шароб наменӯшад ва шумо мегӯед, ки ӯ дев дорад. Фарзанди Инсон омадааст, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад ва шумо мегӯед: „Ана марди пурхӯр ва бадмаст дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст”. Вале дуруст будани ҳикмати Худо ба воситаи корҳои тамоми фарзандонаш исбот мешавад». Худи ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Бар касе бинӣ, ки Рӯҳ бар Ӯ фаромада қарор мегирад, бидон, ки Вай ҳамон касест, ки бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад”.
Выбор основного перевода