Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Исо суханони худро ба охир расонда буд, ки тамоми халқ қоил монданд, Сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён масалҳои Исоро шунида, фаҳмиданд, ки Вай дар бораи онҳо нақл карда истодааст. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада метарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар ҳисоб мекарданд. Мардум аз таълими Ӯ қоил монданд, чунки Ӯ бо қудрат таълим медод, ки шариатдонон ин тавр набуданд. То иди Балогардон ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон роҳи бо ҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Одамон аз таълимоти Ӯ қоил мемонданд, чунки суханонаш боқудрат буданд. Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз мардум метарсиданд, бинобар ин роҳи пинҳонӣ ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд.
Выбор основного перевода