Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. Инчунин ҳар чиро, ки аз номи Ман талаб кунед, Ман иҷро мекунам, то ки шӯҳрату ҷалоли Падар дар Писар намоён гардад. Агар аз номи Ман чизеро аз Ман талаб кунед, онро иҷро хоҳам кард. Агар шумо дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, ҳар чизеро, ки талаб кунед, бароятон иҷро мешавад! Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо рост мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод. То кунун шумо аз номи Ман чизеро талаб накардаед. Талаб кунед ва ба даст меоваред ва хурсандии шумо пурра мешавад».
Выбор основного перевода