Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Теша аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки меваи хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад». Исо чунин масалеро гуфт: «Дар токзори як мард дарахти анҷире шинонда шуда буд. Вай омада, аз он мева ҷустуҷӯ кард, вале чизе наёфт. Пас, ба боғбон гуфт: „Се сол боз ман меоям, то аз ин дарахт мевае пайдо бикунам, вале чизе намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?” Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар ҳам онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам. Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бибуред”».
Выбор основного перевода