Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Онҳо ба сӯи Ерусалим раҳсипор шуданд. Исо пешопеш мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки дар Ерусалим Ӯро чӣ сарнавиште интизор аст. Исо дар шаҳру деҳаҳо гашта мардумро таълим медод. Вай ба сӯи Ерусалим равона буд. Исо ба сӯи Ерусалим равона шуд. Вай қад-қади сарҳаде, ки байни Сомарияву Ҷалил буд, роҳ мерафт. Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад. Азбаски Исо аллакай дар наздикии Ерусалим буду шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод: Исо ин масалро нақл карда, роҳашро давом дод ва ба сӯи Ерусалим раҳсипор гашт.
Выбор основного перевода