Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл шахсеро, ки Маро фиристодааст, қабул мекунад. Каси бузургтарин дар байни шумо бояд хизматгоратон бошад. Ҳар кӣ шуморо, шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва ҳар кӣ аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва ҳар кӣ аз Ман рӯй гардонад, аз шахсе рӯй мегардонад, ки Маро фиристодааст». Исо бо овози баланд хитоб кард: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, на ба Ман, балки ба касе, ки Маро фиристодааст, имон меоварад. Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, фиристандаи Маро қабул мекунад».
Выбор основного перевода