Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Фарзанди Инсон бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад». Вале Ман бояд имрӯз, пагоҳ ва ҳам баъд аз пагоҳ роҳамро давом диҳам, зеро ин хел шуданаш мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Ерусалим ҳалок гардад. Ба шумо мегӯям, дар навиштаҷот гуфта шудааст: «Ӯро ба қатори ҷинояткорон дароварданд». Ин гуфтаҳо дар Ман бояд иҷро шаванд ва дар ҳақиқат ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи Ман навишта шудааст, иҷро шуда истодааст».
Выбор основного перевода