Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо таёқу шамшерҳо омадаед? Ман ҳар рӯз дар Хонаи Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Чун шариатдонон ва сардорони рӯҳонӣ ин суханонро шуниданд, роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд. Ҳар рӯз Исо дар ҳавлии Хонаи Худо таълим медод ва бо фарорасии бегоҳ ба теппаи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард. Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар Хонаи Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Ҳоло бошад, даври шумо, яъне вақти ҳукмронии зулмот фаро расидааст». Магар Мӯсо ба шумо шариатро надодааст? Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадоми шумо онро риоя намекунед! Чаро Маро куштан мехоҳед?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман дар пеши ҳама ошкоро сухан гуфтаам. Ман доимо дар ибодатхонаҳо ва дар Хонаи Худо, ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада метарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар ҳисоб мекарданд. Азбаски роҳбарони халқ фаҳмиданд, ки Исо бо ин масал онҳоро мисол овардааст, хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли худ гузошта рафтанд. Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз мардум метарсиданд, бинобар ин роҳи пинҳонӣ ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Бинобар ин дар роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи истироҳатро вайрон мекард, балки Худоро боз Падари худ номида, бо ҳамин худро бо Худо баробар мекард. Сипас онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз сабаби он ки вақти Ӯ ҳанӯз нарасида буд, касе ба Ӯ даст нарасонд.
Выбор основного перевода