Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Эҳтиёт бошед, ки ҳатто бо яке аз пайравони хурдтаринам хунукназарона рафтор накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои нигаҳбони онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур дошта метавонанд. Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват намоям». «Фарз мекунем, ки нафаре аз шумо сад сар гӯсфанд дораду якеашро гум мекунад. Магар наваду нӯҳтоашро дар чароҳгоҳ гузошта, то ёфтани он гӯсфанди гумшуда аз паи вай намеравад? ба хонааш меояд ва дӯстону ҳамсояҳояшро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед. Ман гӯсфанди гумшудаамро ёфтам”. Ва чун ёбад, дугонаҳову ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: «Бо ман хурсандӣ кунед, чун тангаи гумкардаамро ёфтам”. Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
Выбор основного перевода