Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза мегирему шогирдони Шумо не?» Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина ҳиссаи даҳумро месупоред, аммо таълимоти муҳимтарини шариатро дар бораи нишон додани адолат, раҳм ва вафодорӣ пурра риоя намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед. Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз ҳосили пудинаву кашнизу дигар намуди гиёҳҳо ҳиссаи даҳумро ба Худо месупоред, аммо таълимотро дар бораи адолат ва муҳаббати Худо беаҳамият мемонед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед.
Выбор основного перевода