Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аз дарвозаи танг гузаред, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва бисёр касон аз он мегузаранд. Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад. Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад». Пас аз он Исо ба ҳама гуфт: «Ҳар касе, ки аз байни шумо пайрави Ман шудан мехоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. Айнан ҳамин тавр ҳеҷ яке аз шумо то аз тамоми чизу чораи худ даст накашед, наметавонед шогирди Ман бошед.
Выбор основного перевода