Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Дар байни одамони он ҷо марде ҳузур дошт, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки мехостанд ба сари Исо айб монанд, аз Исо пурсиданд: «Оё аз рӯи шариат дар рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?» Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи истироҳат шифо мебахшад ё не. Агар шифо бахшад, Ӯро айбдор кунанд. Сипас ба тарафи онҳо нигоҳ карда гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи истироҳат чӣ равост: некӣ ё бадӣ кардан; наҷот додани ҷон ё нобуд кардани он?» Аммо онҳо хомӯш буданд. Шариатдонон ва фарисиён мехостанд бинанд, ки Исо дар рӯзи истироҳат касеро шифо медиҳад ё не, то тавонанд Ӯро дар ин кор айбдор бикунанд. Исо ба қонуншиносону фарисиён муроҷиат намуда гуфт: «Дар рӯзи истироҳат касеро шифо додан мумкин аст ё не?» Вале онҳо ба Ӯ ҷавобе дода натавонистанд. Азбаски Исо чунин корҳоро дар рӯзи истироҳат мекард, яҳудиён аз дунболи Ӯ афтоданд. Агар шумо барои вайрон нашудани шариати Мӯсо дар рӯзи истироҳат писаратонро хатна мекарда бошед, пас чаро аз Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи истироҳат инсонеро пурра шифо бахшидам? Рӯзе, ки Исо гил сохта, чашмони ӯро шифо дод, рӯзи истироҳат буд. Баъзе аз фарисиён гуфтанд, ки одами ин корро карда аз ҷониби Худо нест, чунки қоидаҳои рӯзи истироҳатро риоя намекунад. Лекин дигарон мегуфтанд: «Магар шахси гунаҳкор метавонад чунин мӯъҷизаҳоро нишон диҳад?» Ҳамин тавр дар миёни онҳо низоъ ба вуҷуд омад.
Выбор основного перевода