Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Бо шунидани ин суханон сарвари рӯҳониён аз ҷояш бархеста ба Исо гуфт: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?» Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?» Лекин, ҳангоме ки сардорони рӯҳонӣ ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод. Аммо Вай ҳатто ба яке аз ин айбдоркуниҳо ҷавобе надод. Ва ин боиси тааҷҷуби зиёди Пилотус гардид. Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Сарвари рӯҳониён боз пурсид: «Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?» Вай ба Исо саволҳои бисёре дод, вале Ӯ дар ҷавоб ҳеҷ чиз нагуфт.
Выбор основного перевода