Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Ҳеҷ кас ҷони Маро аз Ман намегирад, Ман онро бо ихтиёри худ фидо мекунам. Ман қудрат дорам, ки онро фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ба даст орам. Ин фармонро Ман аз Падарам гирифтаам». Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба қасри ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонанд, ба қаср надаромаданд. Пас, Пилотус ба назди онҳо баромада, гуфт: «Айби ин одам дар чист?» Онҳо ҷавоб доданд: «Агар Ӯ ҷинояткор намебуд, магар ба дасти шумо месупоридем?» «Худатон Ӯро гирифта аз рӯи қонунатон ҳукм кунед»,- гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем»,- ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ. (Ҳамаи ин барои он рӯй дод, то суханони Исо, ки дар бораи тарзи маргаш гуфта буд, иҷро шаванд).
Выбор основного перевода