Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?» Исо дар ҷавоб ба вай гуфт: «Худатон ҳамин тавр гуфтед. Аммо ҳаминро ба ҳамаи шумо мегӯям, ки минбаъд шумо Фарзанди Инсонро аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста ва дар болои абрҳои осмон омада истода хоҳед дид!» Он гоҳ сарвари рӯҳониён либоси танашро дарронда гуфт: «Ӯ суханони кофирона гуфт. Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Шумо худатон ҳоло суханони кофиронаи Ӯро шунидед. Пас чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг»,- ҷавоб доданд дигарон. Бинобар ин дар роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи истироҳатро вайрон мекард, балки Худоро боз Падари худ номида, бо ҳамин худро бо Худо баробар мекард. Онҳо ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо Туро на барои корҳои некат сангсор кардан мехоҳем, балки барои сухани кофиронаат, ки Ту инсон ҳастиву даъвои худоӣ мекунӣ!» «Худатон Ӯро гирифта аз рӯи қонунатон ҳукм кунед»,- гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем»,- ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ.
Выбор основного перевода