Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам». Ҳанӯз вай суханашро тамом накарда, абри тобоне пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва аз даруни он овозе шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам. Ӯро гӯш кунед». Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам». Баъд абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва овозе аз он шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст, суханони Ӯро гӯш кунед». Рӯҳи Муқаддас дар шакли кабӯтаре фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва садое аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам!» Ҳамин вақт аз абр овозе шунида шуд, ки мегуфт: «Ин Писари Ман аст, Ман Вайро интихоб кардаам. Ӯро гӯш кунед». Ба шумо рост мегӯям, ки баъд аз ин шумо осмонро кушода ва ба пеши Фарзанди Инсон фаромадану боло баромадани фариштагони Худоро хоҳед дид». Ҳамин Падарам, ки Маро фиристодааст, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Шумо тамоман на овозашро шунидаед ва на намуди Ӯро дидаед. Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Фарзанди Инсон шӯҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфт. Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, бароят дар рӯи замин шӯҳрат додам. Акнун, эй Падар, он шӯҳрату ҷалолеро, ки пеш аз пайдоиши олам дар назди Ту доштам, ба Ман бидеҳ.
Выбор основного перевода