Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд. Лекин шогирдон аз ин гуфтаҳо чизеро нафаҳмиданд. Маънои суханони Исо аз онҳо пӯшида монд ва онҳо намефаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи чӣ сухан меронад. Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ин суханони Ӯро ба хотир оварданд ва ба навиштаҷоту гуфтаҳои Исо имон оварданд. Ӯ инро дар бораи Рӯҳе гуфт, ки касони ба Ӯ имоноварда қабул карданашон лозим буд. Рӯҳ ҳанӯз ато нашуда буд, зеро Исо ҳанӯз соҳиби тамоми шӯҳрату ҷалоли худ нагардида буд. Вале Мададгор, Рӯҳи Муқаддас, ки Ӯро Падар аз номи Ман ба шумо мефиристад, ҳама чизро ба шумо ёд медиҳад ва ҳар сухани Маро ба хотири шумо меоварад.
Выбор основного перевода