Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, кӯзачаи сангини гаронбаҳоро, ки равғани хушбӯй дошт, гирифта ба он ҷо омад. Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид. Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, чунин фикрро аз дил гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, мефаҳмид, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»! Марде, ки Лаъзор ном дошт, бемор шуд. Ӯ аз Байт-Ҳинӣ, аз деҳае буд, ки дар он Марям бо хоҳараш Марто зиндагӣ мекард. Инро гуфта, бо овози баланд хитоб кард: «Эй Лаъзор, берун баро!» Мурда, ки дасту пойҳояш бо кафану рӯяш бо рӯймол печонда шуда буд, аз қабр баромад. Исо ба онҳо гуфт: «Дасту пойҳои ӯро кушоед, ки роҳ равад!» Иди Балогардони яҳудиён наздик мешуд ва аз гӯшаву канори мамлакат мардуми зиёд ба Ерусалим равона шуданд, то пеш аз сар шудани ид расму таомули покшавиро ба ҷо оваранд.
Выбор основного перевода