Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард, ки агар шавад он вақти азоб ба сараш наояд. Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Бас, акнун соати он расидааст, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад. Як рӯз пеш аз иди Балогардон Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё рафтан ва ба пеши Падараш баргаштани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд. Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Фарзанди Инсон шӯҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфт. Агар Худо дар Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфта бошад, пас Худо низ дар худ Ӯро шӯҳрату ҷалол медиҳад ва фавран инро мекунад. Баъд аз ин суханон Исо ба сӯи осмон нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, вақт фаро расид. Писари худро шӯҳрату ҷалол деҳ, то ки Писар Туро шӯҳрату ҷалол бидиҳад,
Выбор основного перевода