Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Сипас ба одамони дар тарафи чапаш буда мегӯяд: „Дафъ шавед аз пеши назарам, лаънатиҳо! Гум шавед ба оташи абадие, ки барои иблис ва фариштаҳои вай тайёр шуда буд! «Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!» Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ва нагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд. Ҳамчунон девҳо «Ту писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Таъиншудаи Худо аст. Аммо Ӯ ба онҳо иҷозати гап заданро намедод. Шимъӯни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам». «Ин ба мо чӣ дахл дорад, модар! - ҷавоб дод ба ӯ Исо.- Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст».
Выбор основного перевода