Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аммо баъд аз он ки мардум берун баромаданд, Исо ба хонае, ки духтарак он ҷо буд, даромада, дасти ӯро гирифт ва духтарак бархест. ва якчанд зан, ки аз рӯҳҳои нопок ва бемориҳо шифо ёфта буданд, ҳамроҳӣ мекарданд. Яке аз он занҳо Марям буд, ки Маҷдалия номида мешуду аз ӯ ҳафт дев берун рафта буд. Дигаре Юҳона буд, ки шавҳараш Кузо ном дошту дар дарбори Ҳиродус вазифаи назоратчиро иҷро мекард. Ҳамчунин Сусан ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд. Ба шарафи Ӯ зиёфат барпо карданд. Марто хизмат мекард ва Лаъзор бо ҳамроҳии Исо ва меҳмонони дигар дар сари дастархон нишаста буд.
Выбор основного перевода