Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Вақте ки дуо мекунед ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ибодатхонаю чорраҳаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. Вой бар ҳолатон, эй фарисиён, шумо дӯст медоред, ки дар ибодатхонаҳо болонишин бошеду дар бозорҳо ба шумо салом диҳанд. Исо мушоҳида мекард, чӣ тавр меҳмонон мехостанд ҷойҳои болотарро ишғол кунанд, бинобар ин ба онҳо масалеро гуфт: «Аз шариатдонон эҳтиёт шавед. Чун либосҳои қимат пӯшида мегарданд ва ба онҳо маъқул аст, ки мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд.
Выбор основного перевода