Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла ва дегу табақҳои биринҷӣ. Фарисиён ва шариатдонон аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои бетаҳорат хӯрок мехӯранд?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте оиди шумо, дурӯяҳо пешгӯӣ карда гуфта буд:„Худо мегӯяд:‹Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд,вале дилашон аз Ман дур аст. Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд,чунки қонуну қоидаҳои инсониро «қонуни Худо» гуфта таълим медиҳанд!›”. Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед. Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ шуда моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед. Масалан, Худо ба воситаи Мӯсо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед” ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани кабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст”. Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам, шумо дигар намегузоред, ки вай ба падару модараш ягон кӯмаке кунад. Ҳамин тавр шумо суханони Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли ин мекунед». Вале Худованд ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни косаву табақи худро мешӯед, аммо дарунатон пур аз хасисию бадӣ аст. Эй беақлон! Оё ҳамон як Офаранда тамоми чизеро, ки ҳам дар берун ва ҳам дар дарун аст, наофаридааст?
Выбор основного перевода