Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? Аммо Ман ҳоло мегӯям, ки агар касе ба бародаре қаҳру ғазаб кунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва агар ба бародаре „бефаҳм” гӯяд, дар назди суди болотар ҷавоб медиҳад ва агар „аҳмақ” гӯяд, сазовори оташи дӯзах мегардад. Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? Падари шумо иблис аст ва шумо орзуву ҳаваси падари худро иҷро кардан мехоҳед. Ӯ аз азал одамкуш буд ва ҳеҷ гоҳ рост нагуфтааст, чун дар ӯ ростӣ нест. Дурӯғ гуфтан ба ӯ хос аст, ӯ дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ дурӯғгӯй ва падари ҳамаи дурӯғҳост.
Выбор основного перевода