Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ба шумо мегӯям, бисёр касон аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар подшоҳии Худо бо Иброҳиму Исҳоқу Ёқуб дар сари як дастархон хоҳанд нишаст. Аммо онҳое, ки бояд дар подшоҳии Худо мешуданд, ба торикии берун партофта мешаванд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд». Исо суханонашро давом дода гуфт: «Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! Акнун Хонаи Худо дар ту холӣ ва бепарастор мемонад. Ҳоло ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!” нагӯед, Маро нахоҳед дид».
Выбор основного перевода