Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. Ана, аз байни шумо кадом падар агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг медиҳад? Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мори заҳрдор медиҳад? Пас, агар шумо бо тамоми дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чӣ тавр чизҳои хуб доданро медониста бошед, наход Падари шумо, ки дар осмон аст, ба каси талабкарда чанд маротиба зиёдтар чизҳои хуб надиҳад?! Боз илова мекунам, агар дар замин ду каси шумо бо розигии якдигар барои ягон чиз дуо кунед, Падари осмониам ҳатман бароятон ҳамон чизро иҷро мекунад. Инчунин ҳар чиро, ки аз номи Ман талаб кунед, Ман иҷро мекунам, то ки шӯҳрату ҷалоли Падар дар Писар намоён гардад. Агар аз номи Ман чизеро аз Ман талаб кунед, онро иҷро хоҳам кард. Агар шумо дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, ҳар чизеро, ки талаб кунед, бароятон иҷро мешавад! Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо рост мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод.
Выбор основного перевода