Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст. Исо чунин масалеро гуфт: «Дар токзори як мард дарахти анҷире шинонда шуда буд. Вай омада, аз он мева ҷустуҷӯ кард, вале чизе наёфт. Пас, ба боғбон гуфт: „Се сол боз ман меоям, то аз ин дарахт мевае пайдо бикунам, вале чизе намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?” Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар ҳам онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам. Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бибуред”».
Выбор основного перевода