«Вале агар шахсе сабабгори он гардад, ки яке аз ин пайравони хурди Ман гумроҳ шавад, беҳтар аст, ки ба гардани он шахс санги осиёбро баста, ба баҳр партоянд.
Ба шогирдонаш бошад, Исо чунин гуфт: «Албатта васвасаҳои зиёд пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли он касе, ки ба воситаи вай васвасаҳо ба миён меоянд.
Агар бар гардани вай санги осиёбро овехта, ӯро ба баҳр мепартофтанд, барояш беҳтар аз он мебуд, ки ӯ яке аз пайравони хурдтаринро ба васвасаи гуноҳ андозад.