Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ин хуни Ман аст, ки бо он Худо бо халқ аҳду паймон мебандад ва он барои бахшида шудани гуноҳҳои одамони зиёде рехта мешавад. Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, гуноҳҳоят бахшида шуданд!» Баъзе аз шариатдононе, ки дар он ҷо нишаста буданд, аз дили худ чунин фикрҳо мегузаронданд: «Ӯ чаро чунин суханони кофирона мегӯяд! Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худо гуноҳи инсонро бахшида наметавонад». Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро чунин фикрҳо доред? Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд” ё ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?”. Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас ба шал нигариста гуфт: Пас, эҳтиёт бошед! Агар бародаратон бар шумо гуноҳе бикунад, ӯро таъкид кунед ва агар тавба карда, аз гуноҳ даст кашад, ӯро бубахшед. Агар рӯзе ҳафт бор гуноҳ кунад ва ҳафт маротиба „Тавба кардам” гӯяд, бояд ӯро бубахшед».
Выбор основного перевода