Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аммо Исо гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд». Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар касе, ки подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба ин подшоҳӣ дохил намешавад». Ба шумо мегӯям, ки на фарисӣ, балки ҳамин андозгир сафед шуда, ба хонааш баргашт. Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад ва, баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор гирад, сарбаланд мешавад». Ба назди Исо кӯдакони хурдсолро оварданд, то ки Ӯ бар сари онҳо даст гузорад. Вале шогирдон инро дида, мардумро сарзаниш карданд. Исо кӯдаконро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
Выбор основного перевода