Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Вақте ки Исо ба мардум нигоҳ мекард, ба ҳоли онҳо раҳмаш меомад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон, сарсону саргардон ва ночору нотавон буданд. Пас Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосили дарав фаровон аст, вале коргарон намерасанд. Аз ин рӯ, аз соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад». Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳоли онҳо раҳмаш омад ва беморони дар байнашон бударо шифо дод. Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳолашон раҳмаш омад, зеро ки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон буданд ва ба онҳо таълим додани чизҳои зиёдеро сар кард. Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷои беодам аст, рӯз дер шуд. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳои гирду атроф рафта, барояшон хӯрокворӣ харанд?» Мардумро фиристед, ки ба деҳоту қишлоқҳои атроф рафта, барои худ хӯрдание харанд». Рӯз бегоҳ мешуд ва он дувоздаҳ шогирд ба назди Исо омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷои беодам аст. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳо ва деҳоти гирду атроф рафта, барои худ ҷои хоб ва хӯроке пайдо кунанд?»
Выбор основного перевода