Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аз ин сабаб овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо девонагон, беморони эпилепсия ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо бахшид. Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод. Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар чиро, ки дидаеду шунидаед, рафта, ба Яҳё нақл бикунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаванду лангон роҳ мегарданд, махавҳо пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад. Ҳамон вақт Ёир ном марде, ки сардори ибодатхона буд, назди Исо омада ба пеши пойҳояш афтид ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биравад,
Выбор основного перевода