Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуми аз пасаш омадаистода гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад. Баъд ба сардори лашкар гуфт: «Бирав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт. Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт. Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, хоҷа!»- ҷавоб доданд онҳо. Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Он мард ҳамон лаҳза бино шуд ва аз паси Исо рафт. Вале Исо ба зан гуфт: «Туро имонат наҷот додааст. Рав ва дар амон бош!» Баъд ба он мард гуфт: «Бархезу бирав, туро имонат шифо дод».
Выбор основного перевода