Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Шимъӯни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худои зинда ҳастӣ». Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?» Вақте сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст. Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Сарвари рӯҳониён боз пурсид: «Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?» Вақте сардори лашкари румии дар рӯ ба рӯи салибистода дид, ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард Писари Худо буд!» Ҳамчунон девҳо «Ту писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Таъиншудаи Худо аст. Аммо Ӯ ба онҳо иҷозати гап заданро намедод. Ҳозирбудагон гуфтанд: «Пас, Ту-чи писари Худо ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ҳастам, аз рӯи гуфти худатон». «Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» - гуфт Натаноил. «Бале, Худованд,- ҷавоб дод Марто,- ман бовар мекунам, ки Ту Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».
Выбор основного перевода