Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Вақте ки шогирдон дар ин бора нақл мекарданд, баногоҳ дар мобайнашон Исо пайдо шуда ба онҳо гуфт: «Худо шуморо баракат диҳад!» Онҳо ба тарсу ҳарос афтода, фикр мекарданд, ки арвоҳро мебинанд. Ӯ аз онҳо пурсид: «Чаро ин қадар метарсед ва барои чӣ дар дилатон шубҳае пайдо шуд? Ба дастонам ва пойҳоям нигоҳ кунед, ин Ман ҳастам. Ба Ман даст расонда бинед, ки Ман ҷисму устухон дорам, вале арвоҳ ин чизҳоро надорад». Инро гуфта, ба онҳо дастону пойҳои худро нишон дод.
Выбор основного перевода