Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар ҳабсхона менишаст, хабари корнамоии Исои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод. Дар замони сарвари рӯҳониён будани Ҳонон ва Қаёфо каломи Худо дар биёбон ба гӯши Яҳёи писари Закарё расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии император Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус фармонравои Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар Итурияву вилояти Тархонитус ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд. Яҳё ҳоким Ҳиродусро ҳам барои он ки ҳамсари бародари худаш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш сарзаниш мекард. Бинобар ин Ҳиродус, бар замми ҳамаи кирдори бадаш, боз Яҳёро ба ҳабс андохт. Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.
Выбор основного перевода