Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Баъд аз чанд вақт ба назди Исо баъзе аз фарисиён ва саддуқиён омаданд. Онҳо Вайро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад. Сипас чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада, бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад. Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл нишонае талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон нишона дода намешавад». Дигарон бошанд, Ӯро озмуданӣ шуда, талаб мекарданд, ки аз ҷониби Худо нишонае диҳад. Он гоҳ роҳбарони яҳудӣ аз Ӯ пурсиданд: «Бо кадом нишона ҳақ будани ин рафторатро исбот мекунӣ?» Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ мӯъҷизае нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор мекунӣ?
Выбор основного перевода