Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аммо фарисиён мегуфтанд, ки Исо девҳоро бо қудрати худи сардори девҳо берун мекунад. Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори девҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд. Мардум ҷавоб доданд: «Ту дев дорӣ! Кӣ Туро куштан мехоҳад?» Онҳо ба Вай гуфтанд: «Акнун мо яқин донистем, ки Ту девона ҳастӣ. Аҷдоди мо Иброҳим мурд ва пайғамбарон ҳам мурданд. Вале Ту мегӯӣ, ки касе суханони Туро иҷро кунад, ҳаргиз намемирад. Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона шудааст! Чаро ба суханони Ӯ гӯш медиҳед?»
Выбор основного перевода